Аз 26.08.2025 то 28.08.2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон машғулиятҳои курси кутоҳмуддати «Зан сарвар» ҷараён гирифт. Шунавандагони курс машғулиятҳоро аз рӯйи нақша фаро гирифтанд.
Дар ҷамъбасти курс муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён таъкид намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зуроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Аз ин ҷост, ки бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» қабул гардид, ки барои баланд бардоштани обрўву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.






Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои модиву молиявӣ мерасонад.
Санаи 26.08.2025 дар доираи даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "КАНД ММФ"-и шаҳри Конибодом дидор анҷом дод.
26 августи соли 2025 дар толори МД Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” Шурои соҳаи маорифи шаҳр бо иштироки кормандони шуъба, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ баргузор карда шуд.
Санаи 26 августи соли 2025 дар толори Маркази калонсолон дар шаҳр машғулиятҳои курси кутоҳмуддати «Зан-сарвар» оғоз гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён дар оғози машғулият зикр намуд, ки курси мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ба роҳ монда шуда, изҳори умедворӣ карда шуд, ки шунавандагон аз омўзишҳои ин курс аз устодон, занони роҳбар, сиёсатмадорони варзида барои худ дониш ва аз таҷрибаи бойи эшон бардоштҳои муҳим ва зарурӣ мегиранд. Иттилоъ дода шуд, ки курси мазкур дар асоси татбиқи нақша-чорабинии барнома роҳандозӣ гардида, соли 7-ум аст,ки таҳти унвонҳои «Духтарони Пешво»,«Зан роҳбар»,«Зан-сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан ва сиёсат» доир гардида, то имрӯз зиёда аз садҳо нафар занону духтарон ин курсро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.















