Дар асоси фармоиши Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 31.03.2026, №23, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.04.2026, №103 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2026, инчунин нишондодҳои ташкилӣ-методӣ оид ба тайёр намудан ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона санаи 28 апрели соли 2026 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии омӯзгорон ва хонандагон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Заминҷунбӣ» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Розиқов Шодиҷон Амирхонович, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон подполковник Ализода Ш.Т., иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷабборӣ Гулрабо, директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Ссоати 10:00 чорабинии «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он нобаршудагон, 73 нафар директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он, 1973 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуданд.






29 апрели соли 2026 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар шаҳраки Зарнисор бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар толори ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" дар Ҷамоати шаҳарки Зарнисори шаҳри Гулистон мулоқоти кории Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Сяо Цинсун баргузор гардид.
Санаи 29.04.2026 дар тарабхонаи “Манижа”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни "Ҳамшираи беҳтарин", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки ҳамшираҳои шафқат аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид. Дар озмун, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Сатторова Матлуба, намоянда аз МНДСЭ-и шаҳри Гулистон Эшонова Тутиниссо, инчунин намояндагони соҳаи тандурустӣ сардухтури Беморхонаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Мирзовалиев Ораз, муовини роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Гулистон Майнусов Абдулло иштирок намуданд.
29-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари кории Раиси шаҳр ба шаҳраки Зарнисор дар толори ҷамоати шаҳрак қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.















