Имрӯз, 10 апрели соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" аз Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз фермаи мурғпарварӣ дар заминаи ҶДММ “Мурғи аълосифат”, ҷараёни фаъолияти истеҳсолии ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод”, таъмири системаи оби нушокии ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва якқатор марказҳои хизматрасонӣ дидан карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Чоруқдаррон 18 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 15 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва дар дигар иншоотҳо корҳо бо маром ҷараён доранд.






Имрӯз, 10-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода як қатор шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта, муроҷиатҳои онҳоро шунида мавриди баррасӣ қарор дод.
Имрӯз, 08.04.2026 дар МД “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд доир ба баргузории вохӯрии Раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилояти Суғд вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо донишҷӯёни гулистонӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 07.04.2026 дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» ва бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, дар Беморхонаи марказии шаҳр ва Маркази саломатии шаҳр хизматрасонии тиббии ройгон ба аҳолӣ ба роҳ монда шуд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ" дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома доранд.













