Имрӯз мутобиқи нақшаи тасдиқгардида соати 10:00 дар толори КИҲХДТ дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сокинони шаҳри Гулистон кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар фазои ободу озоди иттилоотӣ, тарғиботӣ, тарбиявию ахлоқӣ баргузор гардида, ҳозирин зимни суханрониҳои Раиси шаҳр вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода маънавиёт ғанӣ бардошт намуданд.
Илҳом Пӯлотзода дар баромади худ махсус таъкид намуданд, ки теъдоди ҷавонон дар ҳудуди шаҳр аз руйи маълумоти оморӣ 14 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, ки он 28,8 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ
- Конференсияи илмӣ-амалӣ дар “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дилафрӯз Шукурова мураббияи кӯдакистони «Парасту»-и шаҳри Гулистон сазовори ҷойи дуюм дар даври вилоятии озмуни “Мураббияи сол” шуд






Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҷаласаи назоративу дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Бегоҳии рӯзи 26 июни соли 2026 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба қабули қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" ҳамоиш доир гардид.
Имрӯз, 26-уми июни соли 2026 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» - иқдоми наҷиби сулҳофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бо иштироки фаъолони ҳизб доир карда шуд.
Имрӯз, 26.06.2026 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр чорабинии тантанавии идона ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.













