Матни равон

Санаи 20.01.2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи омӯзиши пешаздаъватӣ доир ба иҷрои доир ба иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд №335 аз 19 декабри соли 2025 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон №332 аз 11 декабри соли 2025 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳоронаи соли 2026 таҳти раёсати Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони зерсохторҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, КИ ҲХДТ ва дигар масъулин иштирок доштанд.

19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар ҷамоат беш аз 16 ҳазору 700 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд ва сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вашаҳри Гулистон дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона саҳм мегузоранд.

Бо ҳашари дастаҷамъона ва маблағгузории сокинони деҳаи Зарчашмаи ҷамоат бинои бунгоҳи тиббӣ навсозӣ ва таъмир шуда истодааст. Бинои мазкур қаблан якошёна буда, дорои се ҳуҷраи корӣ буд. Айни замон сокинон қабати дуюмро бо панҷ ҳуҷраи иловагӣ бунёд намудаанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кӯмаки аввалияи саривақтӣ мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» шинос гардид.

Зикр гардид, ки корхонаи муҳими саноатӣ аз соли 2013 инҷониб фаъолият надошт. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар "Комбинати маъдантозакунии Адрасмон" аз нав ба фаъолият оғоз менамояд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо таъкид шуд, ки таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин, ки аз беҳтаринҳо дар соҳа маҳсуб меёбанд, ворид карда шудаанд. Дар марҳилаи кунунӣ барои сохтмони ин иншооти саноатӣ 369 нафар ба кор ҷалб гардидаанд ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ корҳои асосии сохтмониро анҷом медиҳанд.

Санаи 19.01.2026 дар қисми ҳарбии 0216-и дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарчашмаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон шаҳр хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳифзи арзишҳои миллӣ-сулҳу суботи кишвар, муҳимтарин вазифаи ҷавонон” баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон бо сарбозони дидбонгоҳи мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар кори хониши сиёсӣ Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтёр, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, комисирияти ҳарбии шаҳри Гулистон Раҳмонзода Фитрат ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 19.01.2026 дар асоси нақшаи муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, дар доираи вохуриҳо доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Паём-омили муҳими тарбияи Ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон" бо иштироки ҷавонони Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори ҳамоиш Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтёр, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон иштирок ва суханрони намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16.12.2025, ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба тамоми самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвавр ироа гардид, дар воқеъ чун санади раҳнамои миллӣ барои сокинон бахусус ҷавонони кишвар хидмат мекунад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:926
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2133
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11047
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7327
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15914
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9401683

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?