Матни равон

Бегоҳии рӯзи 26 июни соли 2026 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба қабули қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кулли сокинони шаҳрро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош намуд.

Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат таъкид намуданд, ки: “Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.

Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.

Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.

Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад. Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.

Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст”.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид метавонад дар барқарор намудани сулҳ дар рӯи Замин нақши муассир дошта бошад, зеро таҷрибаи сулҳи тоҷикон беназир ва беҳамто аст ва он метавонад ҳамчун модели таҷрибашаванда барои ҳалли оқилонаи ҷангҳои шаҳрвандӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ ва муноқишаҳои байнидавлатӣ хизмат намояд.

Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон маҳз дар Созмони Милали Муттаҳид ва қабули қатъномаи махсус маънои онро дорад, ки як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти кунуниро, яъне барқарор намудани сулҳ дар рӯи Заминро ҳал кунад. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷомеаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз аз якдигар пароканда гашта, ба чолишҳои бунёдии ҷаҳонӣ рӯбарӯ мешавад. Ин ҳолат ташвишовар буда, боиси пайдо гардидани муноқишаҳо, ҷангҳо, низоъҳо, нобоварӣ ва тафриқандозӣ дар байни башарият мегардад. Танҳо бо густариши фарҳанги сулҳ ҳамкорӣ байни кишварҳо ва минтақаҳо метавонад ба таври назаррас беҳтар гардад. Фарҳанги сулҳ муносибатҳои дипломатиро тақвият мебахшад, ки боиси пешгирии ҷангҳо ва таъмини амнияти умумӣ мешавад.

Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки: "Биёед ҳама якҷоя аз қабули ин қатънома, ки аз хиради азалии халқи тоҷик ва афкори сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад истиқбол намоем ва барои таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон азиз ва бо татбиқи ҳадафҳои қатъномаи мазкур дар ҷаҳон саҳмгузор бошем".

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1486
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3193
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18096
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29997
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:95355
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9655037

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?