Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба ифтихори бисту нуҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли сокинони шарифи шаҳрамонро самимона табрик намуда, бароятон осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро таманно менамоям.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, дар давоми 35 соли Истиқлоли миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.
Аз ин ҷост, ки  ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва сулҳу субот Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, роҳи рушду тараққиётро пеш гирад. Имрӯз ваҳдат на танҳо рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии мардум, балки пояи устувори давлатдорӣ, амният ва пешрафти ҷомеа мебошад. Таърихи навини Тоҷикистон гувоҳ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллат давраи бисёр ҳассос ва пурпечутоб буд. Низоъҳои дохилӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум халал расонида, ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар зарари ҷиддӣ расониданд.
Дар чунин шароити мураккаб зарурати муттаҳид сохтани миллат ва барқарор намудани сулҳ пеш омад. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, заминаи бунёди ҷомеаи орому осоишта ва давлати пешрафтаро фароҳам овард. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ чунин таъкид намудаанд: “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлоли миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз, дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид.
Имрӯз кулли ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Итминони комил дорам, ки меҳнаткашони сарбаланди шаҳри Гулистон мисли тамоми тоҷикистониён, барои ободии Ватани азизамон бо азму ирода ва неруи созандаву бунёдкорона дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона кору пайкор намуда, диёри худро ба минтақаи ободу пешрафта табдил медиҳанд.
Бо ин ниятҳои нек бори дигар тамоми сокинони шаҳри Гулистонро ба ифтихори ҷашни 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.
Пояндаву ҷовидон бод, Ваҳдати миллӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2808
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3132
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16225
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29997
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:93484
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9653166

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?