Имрӯз, 6-уми сентябри соли 2025 дар МТҒ “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуда, донишҷӯёну устодонро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Зикр карда шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.






Субҳи имрӯз, 06.09.2025 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Имрӯз, 5-уми августи соли 2025 тибқи ҷадвали баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 1 то 10-уми сентябр, ки санаи 22-юми августи соли 2025 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода тасдиқ гардидааст дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.
4-уми сентябри соли 2025 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати таҷлили шоистаи Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори Истиқлоли тоҷикон” бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр, ҷавонони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 03.09.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ-пойдевори давлати мутамаддин” бо иштироки ҷавонон, собиқадорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.














