Санаи 05.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки Чоруқдаррон аз фаъолияти муассисаҳои соҳаи моарифи шаҳрак дидан намуд.
Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳрак дидан карда шуд. иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур 971 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 43 нафар омӯзгор дарс мегӯяд. Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса 10 кабинети фаннӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Хонандагону омӯзгорони муассиса ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳо фаълона иштирок менамоянд. Соли таҳсили 2023-2024 хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 10 медал аз ҷумла 6 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, як нафар омӯзгори муассиса дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуд. Ҳамчунин, хонандагони муассиса дар озмунҳои Стипендияи президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳр фаъолона иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд.