Имрӯз, 09.08.2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо ҷараёни корҳои покизакорӣ шинос гардида, таъкид намуд, ки ҳифзи табиат ва тозаву озода нигоҳ доштани он, вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини шаҳр аст ва чун шаҳри Гулистон дар кишвар ҳамчун шаҳри сайёҳиву саноатӣ шинохта мешавад ба масъалаи тозагӣ бояд аҳамияти хоса дода шуда, ҳамаи гӯшаҳои шаҳр тозаву озода карда шаванд.






Имрӯз, 8-уми августи соли 2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи №2-и маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 06.08.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр доир ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 9-уми июни соли 2025, №153 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2025» баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр, бойгонии байниидоравӣ, кумитаи замин ва маркази бехатарии озуқаворӣ дар шаҳр ба макони фаъолияти онҳо ташриф овард.
Имрӯз, 04.08.2025 дар соҳили баҳри "Тоҷик" вохӯрӣ бо истироҳаткунандагон баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори МНДСЭ Иматулло Қуқанов ва намояндагони маркази саломатии шаҳр иштирок намуданд.













