Шоми 21-уми майи соли 2026 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр чорабинии идона ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гирандагони Стипендияи Президентӣ, гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан", ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва дигар сокинону меҳмонони шаҳр баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, кулли ҷавонони саодатманди шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Ҳанўз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.






Имрӯз, 21.05.2026 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.
Санаи 21.05.2026 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими супоридани шаҳодатномаҳои гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр дар соли хониши 2025-2026 баргузор гардид.
Санаи 21.05.2026, дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Шурои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Санаи 20 майи соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" аз Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дидан намуд.














