21 Май 2026
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон санаи 19.05.2026 дар асоси қарори Раиси шаҳр озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дар озмуни мазкур довталабон барои ишғоли вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва ҳайати Комиссия ба довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд барои фаъолияти арзандаву содиқона намудан ба Ватан ва дар мансабҳои хизмати давлатӣ барору комёбӣ таманно намуданд.






















