Муҳтарам собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб!
Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистон санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин кулли собиқадорон ва кормандони соҳаро бо иди касбӣ-Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона муборакбод гуфта, ба Шумо фаъолияти садоқатмандона ба халқу ватан ва барои кору тансиҳативу иқболи баланд таманно менамоям.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми беш се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.
Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.
Саҳми босазо ва арзандаи Шумо табибони гиромиқадр дар сиҳатмандии аҳолӣ басо назаррас арзёбӣ гардида, бешак корномаҳои якояки Шумо қобили зикр ва шоистаи таҳсин мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ШАҲРАМОНРО ЯКҶОЯ ТОЗАВУ ОЗОДА МЕКУНЕМ! - БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
- ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР ВА ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ВОХӮРӢ БО УСУЛИ "МАҲАЛ БА МАҲАЛ" ДАР МАҲАЛЛАИ РАҚАМИ 2-И МАРКАЗИ ШАҲР
- БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ОМӮЗИШИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ВА ОМОДА НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ






Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид. раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кулли варзишгарон ва собиқадорону мураббиёнро муборакбод гуфт.
Имрӯз 11-уми августи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронукии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.













