18 Май 2026
Дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ғолибони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки аз рӯйи чор зинаи синну солӣ мардон ва бонувон байни ҳам рақобат намуда, ғолибон муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Диплом ва туҳфаҳоро ба ғолибон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва дигар масъулин тақдим намуданд. Ҳамчунин, як қатор соҳаҳо, ки аар чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.




















