Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб ёфта, ин раванд сол ба сол густариши тоза меёбад. Дар Паёми навбатӣ ба ин масъала бори дигар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум пайваста чораҷўӣ менамояд».
Бояд зикр кард, ки дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар афзуда, дар соҳаи тандурустӣ бошад ин нишондиҳанда ба 2,1 баробар аст. Аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар ин замина музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз меафзояд.