Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“Кунад хамчинс бо хамчинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, гоз бо гоз”
( Зарбулмасали точики)

“Скажи мне, кто твой друг, и я скажу тебе, кто ты”
(Зарбулмасали руси)

Мухиддин! Бе шаф-шаф аз шафтолуи гап сар мекунем. Аввал ин ки набераатро Яздони пок шифои комил ва очил дихаду умраш дарозу босаодат бошад.

Акнун ки Хамза ба Туркия расиду он чо зери назорати табибони шояд савияи донишашон бехтар аз пизишкони Точикистон карор дорад, дили ман низ мисли хазорхо нафаре,ки дар як чабха ба мубориза барои начоти у бархоста буданд, каме таскин ёфт.

Холо мехохам бо чанд суоле ба ту мурочиат бинамоям.

Суоли якум. Се сол кабл, аз руи гуфтаи ту, сохторхои кудратии Точикистон паспортхои келинхои туро аз дасташон гирифта будаанд. Чаро хамон вакт шуру гавго набардошти, нагуфти ки ин чавонзанхо хеч гунохе надоранд, талаб накарди, ки онхо бе мамониат тарки Точикистон кунанд?

Ту ку зиракона ахли оилаатро, хешу хешовандони хешонатро хануз шаш мох кабл аз кушиши табаддулоти мохи сентябри соли 2015 аз Точикистон баровардиву барои онхо дар Русия, Эрон, Туркия ва кишвархои дигар барояшон зиндагии орому амн ташкил карди, ширкату корхонахои тичорати сохти. Келинхои ту чи гунох доштанд, ки онхоро дар Точикистон мисли гаравгон гузоштиву рафти? Оё ин чо ягон розе пинхон аст?

Суоли дуюм. Панч мох пеш табибони точик муайян карданд, ки Хамза гирифтори маризии саратон аст. Ва барои табобати вай хар коре ки тавонистанд,анчом доданд. Дар мархалаи аввал маризии саратон табобат дорад. Чаро ту панч мох пеш барои набераат бонги изтироб набардошти? Чаро ту махз баъди он ки дар Дортмунд бори дигар шарманда шуди, набераат ба ёдат омад? Магар ин, ончуноне хамкосахоят мегуянд, бахонае барои пиар ( таблиг) буд?

Идеологхои камсаводу ноухдабарои ту ин дафъа хуб кор карданд. Дар шабакахои ичтимои петитсия ташкил намуда, 140 000 имзо чамъ оварданд. Ман хам ба ин петитсия имзо гузоштам. Дар давоми ду рузи аввал гаштаву баргашта ба сафорати Точикистон дар Остона занг мезадам, хохиш мекардам, ки мушкили Хамза харчи зудтар хал шаваду вай бо модараш ба хорич сафар карда тавонад.

Рузи сеюм токатам ток шуду субхи барвакт рохи Остонаро пеш гирифтам (аз шахри ман то пойтахти Казокистон 300 км рох аст).

Бо сафири Точикистон Назирмад Ализода сухбати тулони доштам ва бори дигар исрор кардам, ки мушкили Хамза харчи зудтар бояд халли худро ёбад.

Бюрократхои хукумат казияи Хамзаро дувоздах руз кашол доданд. Дувоздах руз хам чонибдорон ва хам мухолифини хукумат ва хамаи онхое ки на ба ту ва на ба хукумат ихлос доранд, дар як чабха муттахид шуданд.

Дувоздах руз дар шабакахои ичтимои борони санги маломат ба сари хукумат мерехт. Дувоздах руз хама фаромуш карданд, ки бобои Хамза дар асл кист? Ва шармандаги ва шикасти ту дар Дортмунд тамоман аз ёди хама рафт. Зеро мухим барои хама начоти Хамза буд.

Ту дар он рузхо изхорот доди ки «мо казияи Хамзаро сиеси намекунем!». Дуруг гуфти! Барои ту Хамза сад дар сад казияи сиёси буд! Он рузхо ман шиори нашрияи «СССР»-ро ба ед меовардам: «Мо метавонем!». Ту ва шариконат тавонистед, ки шармандаги ва русиёхиятон як муддати кутох фаромуш шавад. Ту аз сохторхои хукумати барои кашолкориашон дар халли мушкили Хамза бояд сипосгузор боши. Аммо ту ва косалесони ту бонги пирузи мезаданд:
“Fалаба муборак! Миёни режимро шикастем! Хукуматро дар тамоми дунё шармсор сохтем!”

Бубин, хамин ки мушкили Хамза хал шуд, сохторхои кудрати барои аксияи нав ба ту боз як маводи “пурарзиш” пешкаш карданд – ба модари Шабнам Худойдодова ва набераи дахсолааш ичозат надоданд ки Точикистонро тарк намоянд. Шояд аз тарси он ки мабодо ин пиразан бо наберааш ба ДОИШ пайвандаду амнияти кишварро халалдор кунад.

Ана Худо дод ба таблиггарони ту! Зери шиори «Зинда бод Шабнам!» пиаркомпанияи нав шуруъ шуд. Дар холе ки ин зани зиндагиномааш …пурмуаммо дар шабакахои ичтимои бар зидди хукумат танхо барои он чанд матлаби фачу лач пахш мекард, ки панохандагии сиёсиро дар Аврупо ба даст орад. Ва комёб хам шуд. Ту аз ман дида хубтар огох хасти ки хамин панохандагии сиеси барои баъзе хамватанони мо (ва ту истисно нести) тичорат шудааст. Ин пиаркомпания, ки ту сахт мехости давомдор шавад, аммо хукумат ба модари Шабнам ва духтараш ичозати берун шудан аз Точикистонро доданд.

Ман аз саргузашти Шабнам зиёд медонам, аммо намегуям. Танхо шарм намедоред, ки уро хомии хукуки башар (правозащитница) меномед? Хомии хукуки башар ин як унвони мукаддас аст.
Шабнам бошад… Чунин духтаронро як сиёсатмадори машхур “девушка с низкой социальной ответственностью” номида буд. Магар хамин Шабнам духтарашро партофта ба Россия нарафта буд? Чаро 8 соли расо хомуш буд? Бале, шумо ин мазхакаро ба рох андохтед, ки ба дустмарди нави Шабнам, ки дар як созмони бонуфуз кор мекунад, маъкул шавед! Шариъатро низ аз ёд бурдед.

Ба ту ман ройгон як идеяи дигар такдим мекунам. Хамин ки аксияи Шабнам ба итмом расид боз як аксияи дигарро зери шиори «Руки прочь от Темура!» рохандози намо. Вазорати умури дохилии Точикистон дар симои Темури Варки як неруи хатарнокро эхсос карда, бар зидди у парвандаи чинояти кушода аст. Дар холе ки Темур як бомж, як гадоест ки бо лакаби «Портфеленосец» (сумкакашак) маълуму машхур аст. Ва уро хатарнок гуфтан аслан хандаовар аст. Хар як фарди огох аз зиндагиномаи Темур номи уро бо тамасхур ба забон меорад. Агар хамин руз Темур аз кути лоямути ту махрум гардад, фардо аз гуруснаги по дароз менамояд.Худи Темур парвандаи чиноятиашро дар шабакахои ичтимои хамчун самореклама истифода мебарад. У шод аст ки ВУД-и Точикистон аз у кахрамон сохта аст.
Варкии бечора он кадар месухту мегирист барои Хамза, ки бовар дорам барои тифлони сарсони худаш ин кадар обу адо нагаштааст, зеро хар вараки сиёх кардаи ин шоири озодандеш чанд евро ё франк меистод.

Мухиддин! Ту бояд на факат аз сохторхои кудратии Точикистон, балки аз идеологхои ноухдабарои хукумат низ сипозгузор боши. Онхо аксар вакт зидди ту ва шариконат дар матбуоти точик, шабакахои ичтимои матлабхое пахш мекунанд, ки хизмати хирсона ба хукумат аст ва ба фоидаи ту анчом меебад.

Идеологхои хукумат талабахои нодонро ба ёд меоранд, ки качу килеб вазифаи хонагиро бо дили нохохам ичро мекунанд, то ки муаллим онхоро сарзаниш накунад. Агар коргарони идеологии хукумат шахсони дилсуз мебуданд, шинохтани ту ду чамъи ду буд. Танхо аз шарххо ва матлабхои таблиггарони ту дар интернет, мизхои мудаввар, суханпардозихои атрофиёни ту портрети вокеии туро сохтан мумкин аст. Ва ин захмати зиёдеро талаб намекунад.

Ман ба хамин муовини директори Маркази тадкикоти стратегии Точикистон – Сайфулло Сафаров хайронам. Ин стратеги раками 2 ё 3 порсол баъди хамоиши ту дар Дортмунд изхори нигарони ва хатар аз ту карда буд. Дар холе ки ин мазхакаи туро бояд масхара мекард. Имсол бошад у дар нишасти матбуотиаш изхор кард,ки ту ва шариконат барои Точикистон хеч хатаре надоред.

Як руз пеш аз ин ВУД изхорот пахш кард ки нахзат барои Точикистон хатар дорад. Бинандаву шунаванда ба кадомаш бовар кунад? С.Сафаров аз кору бори туву шариконат дар Аврупо тасаввурот надорад. Барои хамин аз изхоротхои у нигарон набош.

Баъзан гумон мекунам, ки ту дар хукумат тарафдороне дори ки туро хамеша реклама мекунанд, то мабодо аз ёдхо нарави. Аслан касе дар Точикистон хатто марок зохир намекунад, ки Кабири кисту кучост? Аз буду набуди ту зеро ба мардум суде нест!

Чанд суоли дигар. Дар давоми 25 сол хочахои ту ба хулосае омаданд ки танхо тавассути чунбиши мазхаби дар Точикистон инкилоби навро рохандози кардан имкон надорад. Аз ин ру дар назди ту вазифа гузоштанд, ки эътилоф бояд аз ду канот иборат бошад – хизби нахзат ва зиёиёну нирухои демократи. Ва агар ту хамин гуна эътилофи вокеи насози, боварии хочахоятро аз даст медихи. Худат низ сахт мехохи, ки хамаи мухолифин дар зери дасти ту бошанд ва ту ягона лидери оппозитсия боши. Гумон накун, ки касе макри туро дарк намекунад.

Ончуноне, аз расонахо дарёфтем, Анчумани нирухои созандаи Точикистон (рохбараш Додочон Атовуллоев) “Гурухи 24” ( рохбараш Сухроби Зафар) туро бо эътилофат на танхо напазируфтанд, балки эълон доштанд, ки ба киштии шикаставу сурохи ту нахоханд нишаст.

Паст чаро шарикони тихимагзи ту, ки таассуб дар магзи устухонашон чой гирифтааст, мунтазам нафрати беандозаи худро нисбати зиёиёну дигарандешон дар шабакахои ичтимои ба намоиш мегузоранд, онхоро тахкир мекунанд, дашном медиханд, кофир эълон менамоянд? Ана ба ин навиштахои як шарикат таваччух кун: «Инхоро хуб мешиносем. Хатто инхоро худояшон Ленин мешинохт ва гуфта буд: интеллигенция – это говно. Инхо хамон зиёиёнанд. Яъне хамон чойхонаи Рохат рафтан ва хамон шишаи хабисро (яъне шароб – С.М.) бо ду самбуса хурда нишинанд. Тамом».

Як нахзатии «озодандеш ва чонибдори дигарандеши» ба унвони Абдукодир Талбаков чунин навиштааст: «Баъди оне ки Бозори Собирро бо шапкаи Ленин «никох» кардем, Талбаковро бо модараш бояд никох кунем, чун ин оини расмии Зардушт аст».

Чаро шарикони ту ба хар як матлаби танкиди танхо бо тахдид («За каждое слово ты ответишь перед Аллахом, пес сердячий!»), дашному хакорат чавоб мегардонанд? («Дар халкат мезакам, забонгумкардаи кофир!»).Ин дашному тахдид насбати ман буд. Ана аз ин дашномхои кабехи зер ба унвони Додочон Атовуллоев шармат намеояд?
Сухроб Шейх: «Модари тра гом Додошка занта гом да куни авлоди т гом модари тра да мурдаш гом»

Танхо барои тахкири Хафиз Бобоёров хамаруза садхо нафар точики бомаърифат ба туву шариконат лаънат мехонанд. Матлаби Бобоеров (ФБ, сахифаи Хафиз, Саволхои бе чавоб, 6 августи 2018) холисона ва бегаразона аст.

У хамчун олим ва тахлилгари боистеъдод дар як матлаби кутох мазмуни як рисоларо чой додааст ва назари шахсии худро нисбати чунбишу харакатхои мазхаби изхор кардааст. Хафиз хам аз хукумат ва хам аз нахзат интикод карда аст. Лекин як фанатики ту дар хол уро «пири бехудохо» унвон карда, ба гарданаш тамгаи “агенти Саидмумин Ятимов” -ро зад.

Пас чаро то рузи охирин ин «пири бехудохо»-ро нафарони ту бо исрор даъват мекарданд, ки дар хамоиши мазхакавии Дортмунд иштирок намояд ва хатто номи уро дар руйхати сухангуён чой доданд?

Боз як мисол аз эчодиёти муридони муллои галстукдор – Корани Кова: «Шиъа модари гарат!! Кабири аз хама зоту бунеди ту бо имонтару бо инсофтар аст. Як задан кард, пешвои риддокатон се чой рид!!! Барои наберааш гузи хамаата мекашад, дуздхои лошахур. Сад задани сузангару як задани охангар!!! Кабири охангар аст!!! Акнун исбот шуд ки Коваи точикон ки будааст.Зинда бод Коваи точики! Зинда бод Устод Кабири!!!»

Дахшат! Хамин Корани Коваи фейки хаммаслаки туст? Ту кихоро дар гирдат чамъ овардаи? Ин маддохи ту «як задан кард» гуфта чиро дар назар дорад? Куштори вахшиёнаи туристхои хоричиро дар Дангара?

Ту шарму хаё дори? Худатро вокеан Коваи точики мепиндори? Коваи охангари Фирдавси пеши ту хеч шуд! Хичолат намекаши?

Ба Худо, ки хамаи шумо аз Толибони Афгонистон заррае фарк надоред! Солхои 90 Толибон як муддат Мазори Шарифро зери тасарруфи худ дароварда, дар ин шахри кадимаи точик разолату вахшонияти худро аз кабристон шуруъ карданд. Кабри арбобони давлати, фарханги, кумандонхои шахидро, ки аксаран точикон буданд, тарконда хоки онхоро ба дарёи Ому рехтанд.

Метарсам, ки агар шумо ба сари кудрат биёед, ними Точикистонро кофир эълон карда сар мебурред. Баъд ба мурдахо дармеафтед. Аксари онхое ки дар кабристони Лучоб хобанд, узви хизби коммунист буданд. Аз чумла рохбарони Точикистони Шурави. Шумо гури хамаи онхоро тарконда хокашонро ба дарьёи Варзоб мерезед.

Ту хукумати худкома мегуиву худат худкомаву худпарасте беш нести. Шариконат аз ту бут месозанд, пешво месозанд. Ту кабат- кабат гушт мегири.

Яке аз дустонам гуфта буд: “Вакте ки Мухиддин Кабириро гуш мекуни, хоби одам мегирад ва ягон харфи наве дар хотири бинанда ва шунаванда намемонад. Хуб нест, ки бехтараш хомуш бошад?”

Вокеъан чанд рузи охир ту бесаводии худатро дар ФБ ду маротиба ба намоиш гузошти. Аввал бо мурочиати аблахонаат ба чанд давлати Аврупо, баъд бо мизи мудавварат.

Ту худат хамон мизи мудавваратро тамошо кун. Ту мегуи ки хизби нахзат 40 000 аъзо дорад. Дар хамон видео ду нафар дар пахлуи ту нишаста буданд ва кроссовкахои нави худро намоиш медоданд – якеи онхо аз хизби социал-демократии Рахматулло Зоиров ва дигаре аз “Гурухи 24”.

Ин хамсухбатхои ту на забони сиёсат, на забони одамият ва на забони модарии худро намедонанд. Яке аз онхо мегуфт: «Дар паспорти Фотима (духтари Шабнам – С.М.) навиштаанд «аннулировать». Русии ман каме суст шудааст. Хамин аннулировать бо “а” навишта мешавад ё бо “о”?». Маълум ки ин «сиесатмадори маъруф», «фарзанди фарзонаи миллат», «муборизи рохи озоди», «шери нар» мехост дар хамин калима камбудие ёбад, лекин худро фош кард. «Пистаи бе магз агар лаб во кунад расво шавад!». Хандаовар ин буд ки барандаи мизи мудаввари ту, ки боз мисли чорабинихои пешинаат ба мазхака табдил ёфт, на русиро медонист, на точикиро. Лекин кибрашро хатто уштури бобояш намебардошт.

Номхои ин “устодони суханро” боз як бор наворро тамошо кардаму ёфтам. Он яке – Олим Шерзамонов буд, ва он дигаре Вайсуддин Кимчиев. Яке – дабири кулли “озодандешон” дигаре сухангуи кадом ситоде. Маълум, ки аз эхтиёч ва нодошти онхо хизб ва гурухи худро тарк кардаанд ё дар ду майдон “футболбози” мекунанд. Ин мухим нест. Мухим он буд, ки онхо бозёфтхои беназири туянд.

Наход як хизбе, ки 40 сол дораду 40 хазор аъзо рузаш ба хамин тутилахо-очиз аз гуфтор монда бошад?

Ту хаддиакал Равшани Темуриён, «рузноманигори нестдарчахон»-ро аз Канада даъват карда баранда мемонди, ин кадар шарманда намешуди. Боз хамон мумсикиат бар зарари худат шуд. Як билети хавопаймо харидан мушкил дошт? Бечораяк меомаду каме дами бегам мезад. Ва моро хам механдонид бо афсонахои “нестандарчахонаш”.

Мухиддин! Ту хамон се – чор нафари шармандаву русиёхе, ки номхояшонро намехохам ба забон бигирам, ба хайси нухбагон ба хочахоят муаррифи кардаи. Ба номи онхо иттиходияхои фейки хам сохтаи. То ба кай ба чашми хочахоят хок мепоши? Наметарси, ки як руз сиру асрорат фош мешаваду туро хамчун каллоби сиёси аз майдони сиёсат барканор мекунанд? Ба хуш биё! Ба хочахоят росташро гуй! Икрор шав ки ту хеч вакт эътилофе, ки онхо мехоханд, сохта наметавони! Точики баномус, рушанфикр, точике ки ба сарнавишти Точикистон бетараф нест, хеч вакт ба ту намепайвандад. Вассалом!

P. S.
Медонам, ки ту пустгафси, мисли фил ё каркадан. Тавони ба суолхо чавоб гуфтан хам надори. Боз медонам, ки шайкаи ту ба тахкир ва тавхин мепардозад. Барои хамин пешопеш тамоми дашному хакораташонро ба унвони худат ва худашон мефиристам. Хар чи гуед, ман хам хамту!!!
Сарчашма:https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=636344870081243&id=100011172064953

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1105
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2080
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5594
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15469
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48393
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:71390
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1202098

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар