Ҳамшаҳриёни азиз!
Рӯзи 9-уми май ба яке аз Ғалабаҳои бузурги таърихи инсоният бар фашизм маҳсуб ёфта, тамоми мардуми сарбаланди кишвар онро дар қатори дигар сокинони мамолики дунё ботантана қайд мекунанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият, аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва наҷодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Қариб 300 ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд.






4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.
Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе тибқи равзанаи ягона қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба вуқӯъ мепайвандад.
Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии Раҳматулло Файззода сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидамин Исомаддинзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ягона иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадови 94-соларо дар хонаи собиқадори ҷангу меҳнат аёдат намуданд. 














