1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.
Фармоишгар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “ТВЕА”- Ҷумҳурии Мардумии Чин, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъморӣ ва Шаҳрсозӣ” мебошад.






Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» тантанаҳои идона бо иштироки дастпарварон ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.
31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.
30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 1200 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузоштанд.















