Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёна ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд ва онҳо ба ободии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат зебогии дигар зам менамоянд.







Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
















