Матни равон

Дар шароити сулҳу оромӣ, рушди устувор, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар барои мавҷудияти чунин қувваи пурғарази сиёсие чун Ҳизби наҳзати исломӣ зарурате боқӣ намемонад ва ба таври табиӣ нопадид шудани он тақозои ҷомеаи навини тоҷикон мебошад. Бубинед, чандин аъзои он изҳорот оид ба мақсадҳои нопоки ТТЭ ҲНИ манзур кардаанд. Будани ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ ТТЭ ҲНИ барои оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст.

 

Пас аз Созишномаи сулҳ як гурӯҳ намояндагони ин ҳизб ба сари қудрат расиданд. Саволе ба миён меояд, ки онҳо барои дину мазҳаб, ваҳдати эътиқодӣ ва нашри осори исломӣ бо истифода аз фурсату шароити муносиб чӣ хидмати арзишманде анҷом доданд? Ҳайҳот, ин бебасарон танҳо сарват ҷамъ карданду суннати чанд зан доштан ва бадахлоқии носозгор бо исломро тарғиб намуданд. Илова бар ин, наҳзатиҳо аз оҷизию нотавонӣ номи исломро барои худ сипар карда, бо услуби авомфиребона аз беадолатӣ, поймол шудани ҳуқуқҳо ва фишору тазйиқи аъзои худаш дар тамоми ҷаҳон садо баланд мекунанд, дар ҳаққи миллату Ҳукумати кишвар бадгӯиҳоро раво мебинанд. Бар замми ин сарварони ин ҳизби террористӣ ба мазҳабҳои бегона гаравида, қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаро низ ба ин равандҳои номатлуб ҷалб карданӣ мешаванд.

Мисолҳои овардашуда баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ арзишҳои динӣ ва миллиро қоил нест ва ба хотири расидан ба мақсади сиёсияш аз ягон роҳу усули мубориза рӯй намегардонад. Бегумон, имрӯз ҳар раванду ҷараёни дурӯғин, риёкорӣ ва чоплусии ин ватангадоён ошкор шуда, дар пеши хоҷагону пуштибонони хориҷиашон чоплусона косалесӣ мекунанд.

Дар ҷомеаи мо ба чунин шахсони ватанбезору ватанфурӯш ҷой нест.

Мудири шуъбаи маорифи
шаҳри Гулистон Бобозода М.Ҳ.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:87
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2454
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11040
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17164
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39978
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1523058

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?