Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Пайи суди хешу зиёни касон

Биҷӯянд дин андароранд паеш

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ бо ҳар гуна восита дур аз Ватан, дар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ паноҳ гирифта, худро чун мусичаи бегуноҳ вонамуд менамоянд ва сангу неш бар сӯйи Ватани хеш мезананд.

Аз тамошои филм ва иқрори худи аъзои ин ҳизби мамнуъшуда ва номуваффақ дар интихобот баръало муайян мешавад, ки ҷанги таҳмилии бародаркушӣ ва сабаби куштори ҳазорон мардуми бегуноҳ маҳз аъзои садорати ин ҳизб ба ҳисоб мерафтаанд. Баъд аз созишномаи истиқрои сулҳ асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ин ҷанги бемаъниро бахшид ва ба онҳое, ки барои мансаб доду фарёд мезаданд, мансаб дод.

Натиҷа бар он овард, ки эшон нону намаки Тоҷикистонро хӯрда ба намакдон туф карда, супориши хоҷагони худро иҷро мекарданд.

Қиёми Хоҷа, Ҳалим Назарзода гувоҳи гуфтаҳои болоист. Ин амали эшон ҳамон қиссаи Шайх Саъдӣ: «Сангпушт ва каждум»-ро ба хотир меорад, ки бо вуҷуди ҳамин қадар некиҳои сангпушт боз дар охир каждум неши худро мезанад:

Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон он мардуми солҳои 90-ум нест, ки бо афсонаҳои Кабирию Эшони Қиёмуддин бовар намоянд.

Симои аслии роҳбарияти ҲНИТ имрӯз ошкор шудааст, ки онҳо барои молу мансаб шуда аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд. Дини мубини Ислом барои онҳо аслан як василае барои расидан барои манфиату мансабҳои хеш будааст. Ҳол он, ки ислом як дини насиҳату навозиш аст на ҷангу ҷанҷол.

Дар аксар суханрониҳои хеш Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон таъкид медоранд, ки терроризм ба ислом рабт надорад, террорист миллат, мазҳаб ва Ватан надорад.

Магар Шумо набудед, ки сари садҳо нафар тоҷиконро гиҷ карда, ба онҳо идеологияи бегонаро таҳмил намудед, ки эшон имрӯзҳо дар сафҳои артиши ДОИШ меҷанганд.

Боз ҳамин Вата аст, ки эшонро дубора ба ҳаёти осоишта баргардонид ва ин афроди гумроҳзадаро аз ҷавобгарӣ озод намуд.

Хулоса нишон додан иду филм: «Решаҳои ноаён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» муште аз хирвор аст, аз ваҳшонияту даҳшатҳои ҳаводиси солҳои 90-ум, ки сарпарасти онҳо аъзоён ва раёсати ҲНИТ буданд. Мо ҳаминем, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ҳушёрю зиракии хешро аз даст намедиҳанд ва ҳеҷ гоҳ ба фиребу найранги ин «воизон» намеафтанд ва дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, осудаҳолона кору зиндагӣ менамоянд.

Аслан мардум дигар ба ҳарфҳои онҳо бовар ҳам намекунанд, зеро зоҳиру ботини эшон ба ҳамагон маълум гашт.

Вазифаи мо омӯзгорон дар он аст, ки хонандагонро дар рӯҳияи миллатдӯтиву ватандӯстӣ тарбия намуда, ҳамеша аз хатарҳои эктремизм, терроризм ҳарф бизанем, то ки дар ҷомеаи мо ягон афроди гумроҳзада намонад.

Абдумалики   Нодирпур
директори МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисори
шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2706
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9580
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20405
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41507
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:86703
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1341207

Мо дар Фейсбук