Матни равон

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар ошхонаи «Алишер» бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинӣ баргузор гардид.

Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фахриддин Бегзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба самъи ҳамгон расонида, роҷеъ ба дастгириҳои рӮзафзуну ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамошои дастҷамъонаи филми мустанади «Решаҳои ноаён» аз тарафи гурӯҳи фаъолони хизматчиёни давлатӣ, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар филми мазкур бо далелу арқоми раднопазир оид ба хиёнаткориҳо, ҷиноятҳои вазнин ва фаъолияти тахрибкоронаи ҳизби террористӣ экстремистии ҲНИТ нақл карда шуда, собиқ намояндагони ҷинояткори он «бо тавбаву тазарро» доир ба амали нангини хеш сухан меронанд.

Амали террористӣ ҷиноятест, ки бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷомеа ва давлат равона мешавад. Мақсади асосии тарҳрезони он аз байн бурдани оромиву субот, мураккаб сохтани вазъият, заиф намудани сохторҳои қонунии идораи давлат мебошад.

 

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ “Ховар”/. 3 июли соли 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бахшида ба ёдбуди донишманд ва сиёсатмадори машҳури ҷопонӣ, профессор Ютака Акино Симпозиуми байналмилалӣ доир намуд. Имсол аз  марги фоҷеавии ӯ 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин маросим коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд. Хотиррасон менамоем, ки Ютака Акино чун сиёсатшинос соли 1998 ҳамроҳбо ҳамтоёни худ аз Лаҳистон, Уругвай ва Тоҷикистон зимни иҷрои фаъолияти худ дарҳайати (миссияи) нозирони  СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тундгароёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ қатл расидааст.

9 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат машварати корӣ доир карданд.

Дар машварат нахуст ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба ҷараёни иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2254
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1907
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8051
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13278
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37522
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9423291

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?