31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.






30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 1200 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузоштанд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд.
Дар доираи “1300 рўзи меҳнати зарбдор“ дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.
Ба муносибати таҷлили Рузи ҷавонон дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр аз маркази савдои “Пӯлодиён” то назди майдони тозабунёди шуъбаи маориф роҳпаймоии ҷавонони гулситонӣ таҳти унвони “Мо пайравони Пешвои миллат!” бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба вуқӯъ пайваст. 














