15.06.2019, шаҳри Душанбе
Муҳтарам Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум!
Имрӯз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мо дорои аҳаммияти хосса мебошад, анҷом ёфт.
Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ сурат гирифтанд, ба сатҳи бадастомадаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.
Дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба мо, ҳамчунин, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қорор доранд, баррасӣ намудем.
Дар натиҷаи музокироти имрӯза маҷмӯи нави санадҳо ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт. кишоварзӣ, инфрасохтор ва илму техника фаро мегиранд.






Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.
15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
14 июн дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор карданд.















