Матни равон

1 июни соли ҷорӣ, зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар шаҳри Теҳрон «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният» ба имзо расид. Оё ин санади муҳим оѓози марҳилаи солими робитаҳои ду кишвар мешавад? Даври ин масъала мухбири мо мусоҳибае дошт бо омӯзгори калони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холиқов Шералӣ, ки манзури хонандагони гиромӣ мегардад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарму самимии мардуми ноҳия, ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва обод гардонидани он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 1,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар се соли охир 225 миллион сомонӣ равона кардааст.

Дирӯз дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонида шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 — Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар қаламрави мамлакат толору марказҳои муосири варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин барои солимии ҷомеа бо шароиту имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудаанд.

Дирӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ анҷом дода шудаанд. Паҳноии роҳ 15 метрро дар бар гирифта, бо хатҳои ҳаракати нақлиёт аз ду самт таъмин мебошад. Ҳамчунин дар роҳ 100 адад аломати огоҳкунанда насб гардида, дар он барои убури пиёдагардон дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиёдагузар мавҷуд мебошанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯш карда шуд. Дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 адад нишастгоҳ насб шуда, ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳа бо 10 қуттии партовпартоӣ низ таъмин мебошад.

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншоот дорои коргоҳҳои коркарди тунука, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чуб, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст.

Минбаъд сокинони водии Рашт метавонанд аз ин намуди хизматрасониҳо дар ноҳияи Нуробод дар сатҳи баланд баҳравар шаванд.

Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2140
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5043
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40378
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9852108

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?