Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.
Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд.






Дар Қасри фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана ва консерти идона баргузор гардид.
Дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан - қарзи шаҳрвандии мост» дар ҳудуди шаҳр дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гурӯҳи калони собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист - Абдулҳаким Қосимов, Машариф Расулов, Азизҷон Ҳоҷиматов, Раҳимбибӣ Пардаева, Фозил Улмасов, Улмас Комилов, Таманно Раҳматова, Фахриддин Анорбоевро аёдат карда, бо онҳо мулоқоти самимӣ намуд.
Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки кӯҳканон доир гардид.














