Дар толори ҷамоати шаҳраки Консой бо иштироки раисони маҳаллаҳо, бонувон ва ҷавонони фаъоли шаҳрак вохӯрии сардори шуъбаи РКДАМ-и шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, муқовимат бо терроризму экстремизм, таҳкими ғояи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ доир гардид.
Зикр гардид, тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ,иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Тазаккур гардид, ки дар марҳилаи пуртазоди ҷаҳони имрӯз Интернет - шабакаҳои иҷтимоӣ фазои мусоид барои мубодилаи афкор, дарёфти иттилооти зарурӣ, дастрасии бесобиқа ба ҳама гуна ахборот, фаъолияти корӣ ва инъикоси филҳоли рӯйдодҳоро фароҳам овардааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот намуданд






Ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар корхонаи “Апрелевка” якҷоя бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони “Поянда бод – Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоишро директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов бо сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Сайдуллои Баҳодур перумони Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулин бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбӣ доир гардид.
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳраки Консой аксияи унвони “Дирафши мост-ҳизби халқ” доир гардид.
16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.















