ГУЛИСТОН. Баҳри тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дар гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот бо омӯзгорону хонандагон баргузор гардид. Инчунин дар мулоқот оид ба масъалаҳои маҳсуб ба ҷавонон ва пешгирии кирдорҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар масоили марбути ҷавонон баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки дар Паём мақоми ҷавонон махсус таъкид гардида, омӯхтани илмҳои замонавӣ, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва масъулияти ватандории ҷавонон дастур дода шудааст.
АДРАСМОН. Дар толори ҷамоати шаҳрак ва муассисаҳои таълимии №7 мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар он нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ тавзеҳ дода шуданд.






Ба ифтихори даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни расмкашӣ дар мавзӯи "Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои зулол" ташкил ва гузаронида шуд.
Дар Кохи варзишии «Истиқлол» марҳилаи якуми мусобиқаи шаҳрӣ бо иштироки 20 нафар оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо мақсади интихоби варзишгарони шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.














