Рӯзҳои охир сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони буҳтонсозиҳои ашхоси ғаразнок табдил гаштааст. Ҳамаи ҷойҳоро аз ҳангомасозиҳои марбут ба бозгашти Шарофиддин Гадоев пур сохтаанд. Дигар мавзӯи ҷолиби диққат гӯё барои ин ҷанобон намондааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҷавон дар зери роҳбарӣ ва сарпарастии бевоситаи шахсони номаълуми хориҷӣ ва хусусан дар зери роҳбарии раиси Паймони зиддимиллӣ нисбат ба миллат ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои бӯҳтономезу дурӯғинро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет пахш менамуд.






Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.













