Дар муассисаи таълимии томактабии №5-и "Офтобак"-и шаҳраки Чоруқдаррон (сарвараш Муҳаррама Набиева) конференсияи илмӣ-адабӣ ва чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат ҳомӣ ва такягоҳи аҳли маориф” ва “Модар офарандаи инсонҳо” гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ мураббиёни муассиса Ҳураматой Машарифова ва Назокат Ғафурова доир ба мавзӯъҳои “Назаре ба таърихи пайдоиши таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон” ва “Рушди тахсилоти томактабӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат” маърӯза намуда, тарбиятгирандагон доир ба шукронаи истиқлолият, Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, суруду саҳначаҳои ҷолиб ва намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш доданд.






28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҷлиси раёсати кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид. Доир ба вазифаҳои аъзои ҳизб дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 7-уми феврали соли 2019 раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд.
Дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни "Дастони моҳир" баргузор гардид.
Санаи 24-уми феврали соли 2019 дар участкаи 1 интихоботӣ (ҳавзаи интихоботии «Балхӣ», №2) воқеъ дар бинои меҳмонхонаи «Далер-777» мутобиқи талаботи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” бинобар пеш аз муҳлат қатъ карда шудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида шуд.













