8 июл дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий оғоз ёфт.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози корҳои мумфаршсозӣ бо сокинони шаҳр суҳбат намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла таъмиру мумфаршсозии роҳҳо вусъати тоза пайдо намудааст. Баҳри иҷрои корҳои роҳсозиву ободонӣ аз буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, илова бар ин соҳибкорону саховатмандон низ барои ободии роҳҳои маҳалли худ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Дар ин росто аз ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова, ки иқдом гирифтааст кӯчаи ба номи Максим Горкийро мумфарш созад, ёдоварӣ карда шуд.






Нимаи дуюми рӯзи 8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон сафар кард ва рафти корҳои сохтмониро дар иншооти гуногун мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд.














