Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби КВД Лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, меъморӣ ва банақшагирии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  таҳия шуда, дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхонаи тозабунёд, ки дар доираи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст, кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хосса фарқ мекунад.

Аснои шиносоӣ бо шароити ин меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Тибқи маълумот, ҷараёнти сохтмони меҳмонхона таҳти назорати ҷиддии мутахассисони баландихтисос қарор дошт ва дар бунёди он маҳсулоти ватании баландсифат истифода шудааст, ки барои солиёни зиёд ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат намудан мусоидат менамояд.

Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ниёгони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври зебо оро ёфтааст. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона ороёфта меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо урфу оддат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта шиносоии бештар пайдо намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Маҷмааи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли 2018 дар доираи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида буд ва давоми беш аз 1 сол аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 300 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид.

Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва ду толори саққобозӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳангоми сохтмони ин маҷмааи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон ба инобат гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чӯб моҳирона сохта шудаанду ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Дар ин ҷо ба масофаи 300 метр ҷӯй ва пайраҳаҳо бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд.

Ҳамзамон ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи маҷмааи наву замонавӣ масоҳати 10 гектар сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудаанд. Масоҳати сафолакпӯши ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, можжевелник, кипарис, себу нок, олучаву зардолу ва ғайра мебошад, аз ҳазор зиёд аст.

Ифтитоҳи ин маҷмааи замонавӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷии ин минтақаи зебоманзари мамлакат ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо  шароити маҷмааи навбунёд ба корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки идомаи чунин тадбирҳои созанда дар ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2494
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3216
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17512
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22369
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43009
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:89571
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2398852

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?