20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзишӣ дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд ёфта, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бе тағйир нигоҳ дошта шуда, дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар баробари нишастгоҳ ҳамчунин дар ин ҷо дигар шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад.






Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.













