Матни равон

Дирӯз ҳамчунин дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Ҳусни Роғ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Маркази хизматрасонӣ дар ин деҳаи дурдасттарини мамлакат дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои Маркази хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино дорухона ҷойгир буда, дар он маводи доруворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамчунин дар назди дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунад. Дар ин гӯша гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх, ки ба бемориҳои рӯдаву меъда, фишорбаландӣ, бемории дил ва ғайра фоидабахш мебошанд, пешниҳоди сокинон гардонида шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонӣ чанд тан аз сокинони деҳаи Роғ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро шоёни дастгирӣ хонда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар рушду пешрафти ҷумҳурии маҳбубамон саҳм гузоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ   20.08.2019 Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ   20.08.2019 Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ   20.08.2019

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:947
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10881
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9002
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8753729

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?