Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори омма, ки яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, нақши барҷаста дорад. Инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа воситаҳои ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими воқеънигорӣ ва таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст.






07.03.2019, шаҳри Душанбе
Дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Арванд”-и ҶДММ “Осоишгоҳи “Баҳористон” бо иштироки иҷрокунандаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода модарон ва бонувони собиқадор Саодат Пӯлодова – собиқадори соҳаи саноат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, Каромат Қосимова –раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, собиқадори хизмати давлатӣ ва Ҳафиза Мадалиева-собиқадори соҳаи саноат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон ва модари 101 сола Анастасия Петрова аёдат карда шуда ба онҳо туҳфаҳои идона супорида шуданд.













