Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам гурӯҳи собиқадорони меҳнатро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аёдат намуданд. Аз ҷумла собиқадорон Муҳсин Раҳимов, Қаҳрамони меҳнат, шаҳрванди фахрии Гулистон, заҳматкаши ақибгоҳ Саломат Болтаева, собиқадорони аҳамияти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта Қурбоной Раҷабова, Гулбибӣ Сафарова, Абдуҳафиз Латифов ва Ғайбулло Зайниддинов аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Гулистон супорида шуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо ва соҳибкорони шаҳр ба беш аз 600 нафар қишри ниёзманди ҷомеа, пирони яккаву танҳо, ашхоси имконияташон маҳдуд, оилаҳои бесаробонмонда аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ супорида шуд.






Гулистониёни гиромиқадр!
Рӯзи 20 март дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.
20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз руи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта онро ифтитоҳ карданд.
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.













