Матни равон

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва шумораи зиёди ҷавонони ин ноҳияи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро гарму самимӣ ва бо муҳаббати беандоза пазироӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон, ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардуми ин ноҳияи хушманзара шинос шуданд. Ба хотири ташрифи меҳмони олиқадр дар ин ҷо намоишгоҳи бузургу доманадор ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд ба маъраз гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи як қатор иншоотро дар маркази ноҳия ба сокинон муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки дар як муддати кутоҳ дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми он дар ҳамаи самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофи он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои «Давлатҷон», ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилоъ, корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз шуда, дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардида буданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум барои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудаанд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои «Хингоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки дар ин намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2140
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5043
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40378
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9852108

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?