Матни равон

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар қаламрави шаҳр Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист» ва инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Шӯрои мазкур дар мавзӯъҳои «Дастовардҳои солҳои истиқлолият-самараи ваҳдати миллӣ», «Террорист ватан, миллат ва дин надорад» дар беш аз 42 корхонаву муассиса, ҷамоати шаҳракҳо, идораву ташкилотҳо баргузор гардид.

Аз ҷумла, дар толори маркази саломатӣ, МҒД «Коллеҷи тиббӣ», бахши фарҳанги шаҳр таблиғотчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳиддинҷон Файзуллоев, дотсенти муассисаи давлатии ДДХ, номзади илмҳои таърих, ӯғулой Умаралиева, дотсент, сармуттахассиси шуъбаи тарбияи муассисаи давлати ДДХ, номзади илмҳои филологӣ ва Муҳаммадҷон Ҳайдаров, сармутахассиси Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот доир намуда, доир ба мавзӯъҳои рӯзи ягонаи ахбор, пешгирии падидаҳои номатлуб,  мубориза бо коррупсия баромадҳо намуданд.

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» бо ҷалби васеи аҳли зиё ва ҷавонони касбу кори гуногун тамошои дастаҷамъонаи филми мустанади «Марди роҳ» бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, муайян намудани мавқеи ватандорӣ ва ифтихори бузург аз мактаби меҳанпарварии Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда шуд.

Мавриди зикр аст, ки филми мустанади «Марди роҳ» ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат нақши муассир бозида, сокинон аз тамошои он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

19 декабр дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо и.в. Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо ширкат дар шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ба таври расмӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф дар ҳудуди шаҳр ҳусни оғоз бахшид.

Сокинони маркази шаҳр, намояндагони корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо муташаккилона ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромада, дар минтақаи истироҳатӣ, дар шафати кӯчаҳои асосӣ, аз ҷумла кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Суғдиён, дар шафати роҳи Гулистон –Хуҷанд –мавзеи ҶДММ «Ҷило», дар атрофи НБО «Дӯстии халқҳо», дар назди муассисаҳои таълимӣ дарахтону гулҳои  нодиру хушнамо шинонда шуд.

Дар шабакаи интернет навори видеоии суханронии яке аз фаъолони фирории ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин дар мавзӯи “сатр”-и занҳо пахш гардидааст, ки бори дигар мутаасиб, ифротӣ, террорист ва аз ҷиҳати рӯҳӣ носолим будани ӯро исбот мекунад.Вай дар оғози суханрониаш туҳмат мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон озодиҳои динии мардум зери фишор қарор доранду ин ҷо мисли ҷангал бошад. Аммо баръакси ин гуфтаҳои ҷинояткори наҳзатӣ имрӯз дар Тоҷикистон  тамоми озодиҳои динӣ ва дигар ҳуқуқи мардум таъмин буда, қонуну тартиботи комил ҷорӣ аст. Дар кишварамон баъди дур шудани ТТЭ ҲНИ як фазои амну осудае ҳукмфармо гардидааст, ки барои тараққии минбаъда ва ҳаёти осоиштаи мардум бисёр мувофиқ аст. Ин наҳзатиҳо буданд, ки замони фаъолияташон дар дохили Тоҷикистон ба мардум фишор меоварданд ва мухолифони худро қатлу ғорат менамуданд. Ин фаъолияти наҳзатиҳост, ки ба ҷангал шабоҳат дорад, яъне онҳо аз мавқеи зуроварӣ ҳамеша мехоҳанд мақсадҳояшонро амалӣ намоянд ва М. Садриддини бузриш ҳам як намунаи  ҳамон ҷангал аст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2042
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15231
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13352
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8758079

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?