Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад.
Бо ин мақсад дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон Фестивали шаҳрии «Атласу адрас» баргузор гардид. Фестивал аз рӯи шартҳои беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси расмӣ ва рӯзмарра, беҳтарин либоси идона, инчунин бо дарназардошти намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ҷараён гирифт. Дар фестивал намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамзамон ҳунармандони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.






Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар байни кормандони касбу кори гуногун мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди коррупсия – вазифаи аҳли ҷомеа” баргузор гардид.
29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кӯдакистони “Парасту” дар байни панҷ дастаи муассисаҳои таълимии томактабӣ озмуни шаҳрии “Офарин” баргузор гардид.
















