21 феврал дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шуданд.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ намунаи тӯпҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ, норинҷаки дастӣ, воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, танку дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.






Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвият ва густариши корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ ва сабзкорӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроия, ниҳодҳои қудратӣ, корхонаву ташкилот, ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорони меҳнат, чернобилчиён, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомади ботантана доир гардид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!















