22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.
Дар намоиш асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, аз қабили гандум, нахуд, ду навъи лубиё, ҷуворимакка, шолӣ, ду намуди картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсол шудаанд, ба маъраз гузошта шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти ба намоиш гузошташуда беш аз 2 тонна ва 40 намудро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумот дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватании аз лиҳози экологӣ тоза назаррас аст.






22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.
22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор бо ҷараёни парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.
21 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.














