Аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои омодагиву пешгирӣ дар саросари кишвар барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ гашта истодааст. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.






Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати корӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ доир гардид. Дар машварат масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, нозироти андоз, раёсати молияи шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок карданд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода машваратро ифтитоҳ намуд.
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур доштанд, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.














