Матни равон

Санаи муҳими маъракаи тақдирсози сиёсӣ тибқи қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри соли 2020 интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар таърихи Тоҷикистони соҳиб¬истиқлол борҳо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ омили муттаҳидкунандаи миллат ва ваҳдату ягонагӣ гардидааст. Интихоботи мазкур дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ озод, шаффоф ва ошкоро ба вуқӯъ мепайвандад.

Шакли идоракунии президентиро дар мамлакат халқи Тоҷикистон зимни қабули Конститутсияи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 интихоб намуда буд. Таърих собит сохт, ки мардум дар интихоби шакли идоракунии давлат хато накарда буданд.

Рушди давлатдории Тоҷикис¬тони соҳибистиқлол, дастоварду комёбиҳои мамлакат бо ниҳоди президентӣ сахт алоқаманд аст. Маҳз идоракунии президентӣ шароит фароҳам овард, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, Тоҷикистон аз парокандагӣ раҳо карда шавад, давлатдории тоҷикон рушд ёбад, иқтидори мудофиавии мамлакат ва сулҳу ваҳдати миллӣ мустаҳкам, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъмин гардад.

Дар вазнинтарин давраҳои рушди давлатдорӣ, шакли идораи президентӣ нишон дод, ки метавонад мушкилиҳоро бартараф намуда, давлатро аз буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ берун кунад.

Таърихи идоракунии президентӣ дар мамлакат бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи бевосита дорад. Маҳз ин шахсияти таърихӣ барои таъсиси идоракунии президентӣ саҳмгузор буда, ҳамчун Президент барои мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо иродаи қавию устувор, кордонӣ ва ҷасорати бемисл хизматҳои содиқона кардаанд.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар ҳаёти ҷомеа нақш ва таъсири муҳим дорад. Дар ин маърака на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад, балки роҳҳои рушди давлат ва ҷомеа дар ҳафт соли оянда низ пешбинӣ карда мешавад.

Дар Конститутсияи кишвар дарҷ гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он президентӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия аст. Аз ҷониби дигар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлат, муратаббии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва робитаҳои байниҳамдигарии онҳост. Яъне, маснади президентӣ он қадар масъулияти бузург ва бори гарони ҷавобгариро бар дӯши як нафар шаҳрвандӣ, воқеан содиқу арзандаи кишвар вогузор менамояд, ки ҳатто тасаввур кардани он барои амалигардонии ҳамаи ин вазифаҳои муқаддасу муҳим, -ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини ҳуқуқ, озодию шарафи шаҳрванд ва ҳифзи сарзамину истиқлолият чӣ қадар заҳмату матонат, нерую хирад ва сабру таҳаммулро тақозо менамояд, ниҳоят кори душвор аст.

Дар ин маъракаи сиёсӣ халқ бояд тамоми имкониятҳо барои дар интихобот иштирок намудан дошта бошад, шахсияти номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро ҳаматрафа омӯзад, иродаи сиёсии худро вобаста ба номзадҳои пешниҳодгардида ташаккул диҳад, номзади арзандатаринро интихоб намояд. Хушбахтона, ин гуна шароиту имкониятро дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ кафолат додааст.

Албатта, сатҳи ташкилию сиёсии гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ аз тайёрии интихобкунандагон вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як субъекти раванди интихобот вазифадор аст, ки барои дар доираи қонунгузории амалкунанда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани интихобот мусоидат намоянд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми сарбаланди шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» - Гулистон мисли тамоми мардуми шукргузор ва шарифи Тоҷикистон ин маъракаи бисёр муҳиму сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ мегузаронанд ва он ¬ҷомеаи моро боз ҳам муттаҳиду ягона мегардонад, халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Мо бояд интихоботи дарпешистодаро ба як маъракаи баландмазмуну муташаккилонаи мардумӣ табдил дода, ба ҷаҳониён фарҳангу маданияти волои худро дар пешбурди сиёсати сулҳхоҳонаю ваҳдатсарои сокинони кишвар бори дигар собит созем.

Илҳом Мадализода,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1200
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16801
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10116
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7742506

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?