Дар толори Қасри фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи қонунгузории интихобот мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ бо интихобкунандагони шаҳр бо мақсади муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Зикр гардид, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо баргузор мегардад.
Дар мулоқот Асрор Латифзода, муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.






Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» фестивал - озмуни шаҳрии атласу адрас дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ 62 нафар бо намоиши сару либоси миллӣ иштирок карданд. Духтарон бо либоси миллии кӯдакона, рӯзмарра, расмӣ, идона ва бо либоси арӯсию домодӣ намоиш доданд, ки тамошобинон аз нозукиҳои духт ва либоси миллӣ бархурдор гардиданд.















