Матни равон

Муҳтарам омӯзгорон!

Хонандагони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибихтиёр ва мардуми шарифи он дар остонаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ - 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон қарор дорад. Имрӯз аз файзу баракати истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон тамоми муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият мегирад. Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Дар сиёсати давлат соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

 

Дар ҳар давру замон донишандӯзӣ, илмомӯзӣ, саводнокӣ ва маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату давлат дониста шудаанд. Ҷомеае, ки маорифи он дар такомул бошад, ояндаи дурахшон дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.

Соли равон Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо баргузории Дарси сулҳ ҷараён мегирад, ки дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мавриди гуфтугӯ қарор мегирад.

Ҳамчунин, дар шароити имрӯзаи дар тамоми олам паҳн гардидани бемории COVID-19 зарур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тибқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурии ҳифзу ҳимояи хонандагон ва устодону кормандони соҳаи маориф риоя карда шавад, то ин ки раванди таълиму тарбия муттасил идома ёбад.

Итминони комил дорам, ки хонандагоyу устодон бо дарки ҳисси баланди масъулият, новобаста аз вазъи эпидемикӣ дар ҷодаи таълиму тарбия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ба дастовардҳои нав ба нав муваффақ мешаванд.

Устодону хонандагони азиз! Шумоёнро бо фарорасии соли нави таҳсил - Рӯзи дониш муборакбод намуда, бароятон дар ин соли орзуҳои нек фатҳи қуллаҳои баланди дониш, дастовардҳои нави маънавӣ, таҳсили пурсамар, сиҳатмандӣ, зиндагии хурраму осударо сидқан таманно менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1645
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10359
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3674
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7736064

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?