Дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Холмамат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд






Пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави истеҳсолию иҷтимоӣ, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сохтору мақомот ва фаъолон мулоқот анҷом доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили «Баҳри Тоҷик» воқеъ аст, шинос шуданд.
Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии «Баракат» шинос шуданд.














