Матни равон

Дар таърихи 1–уми марти соли ҷорӣ маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар кишвар ба тариқи шафофу демократӣ баргузор гардида, номзадҳои арзанда ба вакилӣ сазовор гардиданд. Санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ дар мамлакат интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Маъракаи интихобот ягона маъракаест, ки дар он ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ин ё он маҳал ва дар маҷмўъ, тамоми мамлакат ҳамчун меҳвари асосии гуфтугўи ошкоро қарор мегирад. Дар ин мубоҳисаҳо намояндагони ҳамаи табақаю гурўҳҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд ва он яке аз роҳҳои изҳори ошкорои афкори ҷамъиятӣ мебошад.

Интихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо ба таври воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон бо ин, интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.

Дар ин маъракаи сиёсӣ шаҳрвандони бофарҳанг ва бомаданияти кишварро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои дар сатҳи хуб баргузор гардидани он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Чун ҳаводиси рӯзҳои охир дар кишвари Белоруссия моро дар ин масъала ба канор монда наметавонад. Он гунае, ки тариқи оинаи нилгун ва сомонаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, мухолифини кишвари Белоруссия барои ноором намудани вазъ ҳанӯз тӯли чанд муддат мешавад, ки даст ба кор шудаанд. Ҳадафи мухолифи ин барангехтани кинаву адоват ва нафрат нисбати ҳукумат мебошад. Мухолифини кишвари мо низ кам нестанд ва ин ҳанӯз солҳо қабл ба мо аён буд. Имрӯзҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо кӯшиш доранд, ки ба дили мардум нисбати ҳукумат кинаву адоватро барангезанд. Бинобар ин, моро лозим меояд, ки дар маъакаи муҳими сиёсие, ки роҳи ояндаи кишвари маҳбубамонро интихоб мекунем ҳушёру зирак бошем ва ба суханони афроди пастфитрат гӯш надиҳем.

Ҳасанбойи КАРОМИДДИН,

муовини директор оид ба к

тарбияи МТМУ №14-и шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1596
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17197
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10512
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7742902

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?