Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳайати муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон Бахтовар Ҷӯразода, котиби мақомоти васояти парасторӣ Мадина Каримова аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №3-и шаҳраки Консой ба соли нави хониш дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи муассисаи таълимӣ аз омодагии синфхонаҳои таълимӣ, омодагии муассиса ба мавсими тирамоҳу зимситони солҳои 2025-2026, омодагии омӯзгорон ба соли нави хониш, таъминоти муассисаи таълимӣ бо омӯзгорон дидан карда шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Боздид аз муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва шаҳраки Сирдарё доир ба омодагӣ ба соли нави хониш
- "ГУЛИСТОН" БАР "ХИСТЕВАРЗ" БО ҲИСОБИ 4-0 ҒОЛИБ ОМАДА ДАР САДРИ ҶАДВАЛ МАВҚЕИ ХУДРО УСТУВОРТАР НАМУД
- Назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”






Тибқи барқияи ҳукуматӣ 22-юми августи соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми июли соли 2025 баён доштанд муовини роҳбари гурӯҳи корӣ доир ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковник Иззатулло Убайдзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз рафти корҳои бунёдкории ҶДММ “Тиглат” дидан намуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чорабинии тантанвӣ баргузор гардид.
Санаи 21.08.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр миззи мудаввар таҳти унвони «Пешбурди Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон» баргузор карда шуд.
Имрӯз, 20-уми августи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Фирӯза Абдувоҳидзода ва инчунин муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.
















