Матни равон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» шинос гардид.

Зикр гардид, ки корхонаи муҳими саноатӣ аз соли 2013 инҷониб фаъолият надошт. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар "Комбинати маъдантозакунии Адрасмон" аз нав ба фаъолият оғоз менамояд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо таъкид шуд, ки таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин, ки аз беҳтаринҳо дар соҳа маҳсуб меёбанд, ворид карда шудаанд. Дар марҳилаи кунунӣ барои сохтмони ин иншооти саноатӣ 369 нафар ба кор ҷалб гардидаанд ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ корҳои асосии сохтмониро анҷом медиҳанд.

Пас аз ба истифода додани корхонаи муштарак зиёда аз 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки "Комбинати металлургии Адрасмон" то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.

Гуфта шуд, ки баъди ба фаъолият оғоз намудани "Комбинати металлургии Адрасмон" ашёи хоми саноатӣ дар ҳамин ҷо то марҳилаи ниҳоии коркард ва маҳсулот истеҳсол мешавад.

Коркарди ниҳоии металлҳои ранга имкон медиҳад маҳсулоти рақобатпазири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда шавад.

Дар идомаи боздид мулоқоти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти комбинат баргузор гардид. Зимни мулоқот таъкид шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат барои соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имкониятҳои иқтисодии мавҷуда, бахусус дар вилояти Суғд, имкон медиҳанд корхонаҳои муосир бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда афзоиш ёбад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент як қатор корхонаҳои бузурги саноати кӯҳӣ фаъолият дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. "Комбинати металлургии Адрасмон" низ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди навсозӣ ва насби таҷҳизоти муосир аз нав ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Сармоягузорон дар навбати худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорон изҳори сипос намуда, гуфт, ки барои дар муҳлати муайян ба истифода додани комбинат тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд. Тибқи нақша, дар марҳилаи аввал 500 ҷойи корӣ таъсис ёфта, бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол шумораи коргарон то 1000 нафар расонида мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои саҳмгузорӣ дар рушди минтақа, аз ҷумла бунёди иншооти иҷтимоӣ ва навсозии роҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2057
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3151
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16114
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26756
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63975
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:80666
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9260128

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?