Имрӯз, 21.04.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии шаҳр дорои бинои 3 ошёна ва иборат аз 116 ҳуҷра мебошад. Бино соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази саломатии шаҳр 19 нафар табиб, 35 нафар ҳамшираи тиб, 9 нафар корманди хурди тиб ва 15 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд. Бино солҳои тулонӣ таъмири куллӣ нагардидааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази саломатӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ГУЛИСТОН: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ШАҲР ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
- Пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост
- БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР ИЛҲОМ ПӮЛОТЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ГУЛИСТОНИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД






Маҳваш Бойматова – хонандаи синфи 8-и муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1-и шаҳри Гулистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забон ва адабиёти рус иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Санаи 18 апрели соли 2025 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 баррасӣ гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025" ва қарори раиси шаҳри Гулистон, баҳри иҷрои сифатноки нақшаи даъват дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Имрӯз, 17.04.2025 тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Илму маърифат сарчашмаи саодати инсон” дар партави эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
















